Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин мулоқоти Гроссман бо Карзай


Марк Гроссман, фиристодаи нави ИМА дар Афғонистону Покистон, бори аввал бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот анҷом дод.

Гуфтушунид дар ҷараёни сафари дурӯзаи Карзай ба Лондон сурат гирифт. Бар пояи иттилоъи расмӣ, ҷонибҳо, аз ҷумла, мавзӯъи зарурати таҳкими минбаъдаи равобит миёни Вошингтон, Кобул ва Исломободро баррасӣ намуданд.

Марк Гроссман ба ҷойи дипломати маъруф Ричард Ҳолбрук, ки охири соли гузашта аз олам даргузашт, фиристодаи Амрико дар Афғонистону Покистон таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG