Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургтарин тазоҳуроти эътирозии Яман дар 30 соли ахир


Тазоҳуроти шаҳри Санъо

Тазоҳуроти шаҳри Санъо

Имрӯз дар шаҳри Санъо-пойтахти Яман шумораи зиёди мухолифон ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд. Ин бузургтарин тазоҳуроти эътирозӣ дар давоми бештар аз 30 соли ҳокимияти Алӣ Абдулло Солеҳ дар ин кишвар аст. Ҷонибдорони мухолифон дар майдони марказии назди донишгоҳи Яман гирдиҳам омаданд. Аз як ҳафта ба ин сӯ дар ин майдон тазоҳуроти эътирозӣ идома дорад. Тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки Солеҳ Исроилро муттаҳам кардааст ва гуфтааст, ки ба тазоҳуркунандагон дар Яман ва кишварҳои дигари арабӣ кӯмаки молӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG