Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Узбакистон нархи убуру мурури мошинҳои Тоҷикистон боло рафт


Деҳае дар марзи ду кишвар

Деҳае дар марзи ду кишвар

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, аз имрӯз Узбакистон барои воситаҳои нақлиётии Тоҷикистон, ки аз қаламраваш мегузаранд, нархҳои нав муаррефӣ кардааст. Дар ин бора ҳукумати Узбакистон санаде ба тасвиб расондааст. Масалан, қаблан барои мошинҳо ва автобусҳои Тоҷикистон 90 доллар пардохт мекарданд. Ҳоло 103 доллар бояд пардохт кунанд. Кишварҳои дигари хориҷӣ қаблан 200 доллар барои ин воситаҳои нақлиёт пардохт мекарданд. Онҳо акнун 230 доллар бояд бипардозанд. Барои Туркманистон нархҳо бидуни тағир боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG