Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бурду бохт аз ҳамоишу ҷудоии вазоратҳо


Бинои вазорати собиқи нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон

Бинои вазорати собиқи нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон

Як бахши ислоҳоти сохтори идорӣ дар Тоҷикистон аз иттиҳоду ҳамоиш ё ҷудоиву истиқлолияти бархе аз идораҳо иборат шудааст.

Гоҳе як кумита зери чатри вазорате меравад ё вазорате бо идорае муттаҳид мешавад ва гоҳ баракс онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд. Дар 5 соли гузашта ду риштаи муҳими Тоҷикистон, нақлиёт ва алоқа зери назорати Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон буданд.

Ин ҳамоиш бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи 30-юми ноябри соли 2006 ба вуқӯъ пайваст. Он замон Вазорати роҳ ва нақлиёт бо Вазорати алоқа як шуда, Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Тоҷикистонро ба вуҷуд оварданд.

Ҳарчанд он замон таҳлилгарон ин амалро як қадами мусбати ҳукумати Тоҷикистон дар такмили сохтори идории давлатӣ арзёбӣ мекарданд, ҳоло баракс гуфта мешавад, ин итқом аз оғозаш иштибоҳ буд.

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намоянадагон
Шодӣ Шабдолов
мегӯяд: «Хусусиятҳои ин ду соҳа комилан мухталиф буданд ва тайи ин панҷ сол ҳеҷ пешравие дар кори онҳо мушоҳида нашуд. Ин ба назари ман иштибоҳи ҷиддӣ буд. Ва вақте ки ҳукумат дар масъалаи хусусияти ниҳодҳо дар масъалаи мутаҳид намудан ва ё таҷзия кардан меандешад, бояд аввал паёмадҳои эҳтимолии онро бисанҷад.»

Ба қавли Шабдолов, аз сӯи дигар вақти зиёде барои ҳалли масъаалҳои сохтори идорӣ талаф шавад.

Собиқ вазири нақлиёт ва коммуникатсияҳои Тоҷикистон Олим Бобоев ба радиои Озодӣ гуфт, ки акнун аз ҳам раҳо шудани ду ниҳод имкон медиҳад, ки ҳар кадом масоили мавҷудаи соҳаи худро бевосита
Олим Бобоев
матраҳ ва ҳал кунад: «Вақте ки масъалаҳои соҳаи алоқа ба ҳукумат рабт дошт, дар вазорат пайдо кардани роҳи ҳал печидагиҳо пеш меовард. Акнун ки Хадамоти мухобирот дар назди давлат фаъолият мекунад, ҳалли масъалаҳои ин соҳа осонтар хоҳад шуд. Ҳоло мо дар давраи гузариш қарор дорем ва ҳатман тағйире дар сохторҳои идорӣ пеш меоянд ва муҳимтар аз ҳама бюрократия камтар мешавад.»

Пас оё метавон гуфт, агар иттиҳоди соҳаҳо натиҷа надод, ҷудо кардани онҳо бонатиҷа хоҳад буд? Дар ҷавоб ба ин пурсиш муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои стротегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, мегӯяд, ин шакли муттаҳидсозии ниҳодҳо дигаргуниии ҷиддиеро пеш намеорад. Дар ҳайати вазоратхонаҳои муттаҳида тақрибан ҳамон мутахассисоне фаъолият мекунанд ки қаблан кор мекарданд ва усули кор низ дигар намешуд.

Ҷаноби Сафаров меафзояд: «Дигаргунӣ дар низоми кор зарур аст. Дар маҷмӯъ дар ҳамон бино ҳамон шахсиятҳо кор мекунанд ва ҳама мунтазир
Сайфулло Сафаров
мешаванд, ки кай вазир амре медиҳаду онҳо ба коре даст мебаранд. Бо ҳамин тамоми ситема барҷомонда мешавад ва аз худ иқдоме нишон намедиҳад. Албатта, тағйири сохторӣ бо назардошти пешбурди иқтисоди кишвар ва пеш аз ҳама фаъол намудани мудирияти идора мебошад. Албатта, ин ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон аст, вале созмонҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ин иқдомро пуштибонӣ намуда, тарҳи мазкурро маблағгузорӣ кардаанд.»


Бо тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2000 -ум дар Тоҷикистон ислоҳоти сохтори идорӣ сар шуд, ки сохтори бозмонда аз замони шуравииро тағйир дод. Марҳилаи аввали ислоҳот дар соли 2003 сурат гирифт. Ва марҳилаи дуввум дар соли 2006 оғоз ёфт. Ҳадафи аслии он беҳбуд ва такмили мудиирияти давлатӣ дар кишвар аст.

Ба қавли таҳлилгарон бахши умдаи ислоҳот дар пеш аст, зеро то ҳанӯз ҳам сохтори идорӣ ба воқеияти кишвар мутобиқ набуда, аз дигаргуниҳои асосан шаклӣ дар мӯҳтаво ва мундариҷаи фаъолияти идораву муассисаҳо натиҷаи муассире ба даст наомада, мероси замони шӯравӣ бартариии хешро ҳифз кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG