Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳудуди 14 донишҷӯи тоҷик бо кӯшишҳои сафорати Тоҷикистон дар Украина аз Либия ба Киев баргардонида шудаанд.

Ҳамзамон рӯзи 27-уми феврал бо кӯмаки Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия 2 донишҷӯи дигари тоҷик аз шаҳри Троблуси Либия ба Москав интиқол ёфт. Афзун бар ин, сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира барои баровардани шаҳрвандони кишвар аз Либия талош доранд. То ба имрӯз ҳудуди 18 нафар донишҷӯи тоҷик аз Либия бароварда шуданд.

Раванди баргардонидан ё баргаштани ҷавонони тоҷик аз соири кишварҳои исломӣ аз охирҳои соли 2010 шурӯъ шуд ва дар пайи ҳаводиси рӯх дода теъдоди онҳо афзуда истодааст ва онҳоро дар ватан чӣ сарнавишт интизор аст?

Сарнавишти донишҷӯёни баргардонидашуда

Умед, як донишҷӯи тоҷик барои аз Миср ба Тоҷикистон омадан 1000 доллар сарф кардааст. Вай се сол қабл дар асоси бурс ё квотаи вазорати маориф ба Миср барои идомаи таҳсил рафта буд, вале бо оғози нооромиҳо дар ин кишвар, рӯзи 7 феврали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашт ва то ҳоло муваффақ нашудааст, ки таҳсилашро дар кадом яке аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ идома диҳад: «Мегӯянд, ки фармон аз боло аст, ки ягонҷо хондагӣ бошад ё не бе бемувофиқат намешавад. Он ҷо ҳам фаннҳои дунёвӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, сиёсати ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилаӣ хондам, аммо мегӯянд ки намешавад»

Умед, ки 27 сол дорад, мегӯяд, вақте дар риштаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таҳсил мекард дар мувофиқа бо вазорати маориф барои идомаи таҳсил ба Миср рафта буд. Вай меафзояд, қарор буд, ки дар Миср дар риштаи хабарнигорӣ таҳсил кунад ва баъди хатми он ба ватан баргардад.

Умед мегӯяд, ҳарчанд талош кардааст, ки дар Донишгоҳи Миллӣ ду соли таҳсилаш дар Миср ба назар гирифта шуда дар бахши панҷум қабул карда шавад ва соли охири таҳсилро идома диҳад, аммо муваффақ нашудааст.
Умед дар идома гуфт, ки баъди талошҳои зиёд ва супоридани имтиҳон ба ӯ иҷозат додаанд таҳсилро дар риштаи шарқшиносии Донишгоҳ идома диҳад Аммо маъмурияти донишгоҳ гуфтааст, ки ду соли таҳсил дар Мисрро сарфи назар намуда, ӯро ба ҳайси донишгоҳи соли севвум хоҳанд пазируфт.

Моҳҳои ахир баъди тақозои президенти Тоҷикистон дар мавриди бозгардони муҳассилин кишварҳои исломӣ садҳо нафар ба ватан баргаштанд. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки то ба имрӯз ҳудуди 1.200 ҷавононро аз кишварҳои исломӣ ба ватан баргардониданд ва ҳоло ҳам ин раванд идома дорад.

50 нафар донишҷӯ ба вазорат муроҷиа карданд

Абдусаттор Одинаев мудири бахши рушди барномаҳои байналмилалии вазорати маориф ба «Озодӣ» гуфт, ки то ҳол ҳудуди 50 нафар донишҷӯёни бозгашта ба вазорати маориф дар мавриди қабул шуданашон ба донишгоҳҳо муроҷиат кардаанд. Ӯ илова кард, ки дар сурати таъйид шудани ҳуҷҷатҳояшон ба талаботи барномаҳои таълимии вазорати маориф ва супоридани имтиҳон, онҳо имкони идомаи таҳсилро дар дохили ватан доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Одинаев, ҳоло иддае аз ҷавонон баъди супоридани имтиҳон ва мувофиқат намудани барномаҳои таълимии таҳсилкардаашон бо барномаҳои таълимии вазорати маорифи Тоҷикистон, ба донишгоҳҳои кишвар қабул шудаанд.

Дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба мо итттилоъ доданд, ки айни ҳол 24 нафар донишҷӯ ҳуҷҷатҳояшонро барои идомаи таҳсил пешниҳод карданд вале то ба ҳол ба таҳсил оғоз накардаанд. Кумитаи умури дин низ мегӯяд, ки ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони аз кишварҳои исломи баргашта, барномаҳоеро рӯи даст доранд.

«Ҷавонон набояд ки дар кӯча монанд»

Ба қавли таҳлилгари тоҷик Талабшоҳи Салом, ҷавонони аз кишварҳои исломӣ баргардонидашуда ва донишҷӯёне, ки аз кишварҳои ноороми арабӣ ба ватан баргаштаанд, бояд, ки «дар кӯча намонанд». Дар акси ҳол ин ҷавонон дубора роҳи баргаштан ба ин кишварҳоро меҷӯянд. Ҷаноби Салом мегӯяд, ки давлат барои таъмини шароити модии ҷавонон вазифадор аст ва бояд, ки ҷавонон ҳам бояд ҳаққи шаҳрвандии худро донанд ва талаб кунанд, ки барояшон шароити таҳсил муҳайё шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG