Пайвандҳои дастрасӣ

Муаррифӣ


Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи «Азия-Плюс», шӯъбаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 2004 хатм кардааст. Фаъолияти кории худро ба ҳайси котиби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шурӯъ карда, сипас корро дар нашрияи «Азия-Плюс» идома додааст.

Мегӯяд, нияти журналист шуданро надошт. Мехост иқтисодчӣ бошад, вале бо исрори падар ба ин касб рӯ овардааст.

Вай бештар дар мавзӯъҳои ҳуқуқи башар, бахусус, мавзӯъҳое, ки ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иртибот мегирад, матолиб ба нашр расонидааст. Соли гузашта барандаи яке аз ҷоизаҳои Пажӯҳишгоҳи «Ҷанг ва сулҳ»-и Лондон дар миёни хабарнигорони Осиё Миёна шудааст. Ҳоло ҳамроҳ бо волидонаш ба сар мебарад. Суруду мусиқии мардумиро бештар меписандад.
XS
SM
MD
LG