Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мехоҳад дар Тоҷикистон тарҳҳое, ки Чин таҳти фишори Узбакистон аз онҳо сарфи назар карда буд, амалӣ кунад.

Эрон гуфтааст, дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ- обии «Айнӣ» дар рӯдхонаи Зарафшон ва нерӯгоҳҳои «Нуробод- 1» ва «Нуробод- 2» дар рӯдхонаҳои Хингоб саҳм хоҳад гирифт.

Эрон боз нерӯгоҳ месозад

Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, бо пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон як ҳайати мутахассисони эронӣ ба манзури ошноӣ ба тарҳи нерӯгоҳҳои Нуробод ва мавқеи бунёди онҳо аз Тоҷикистон дидан карда ва феълан ин тарҳҳо дар ҳоли омӯзиш ва пешниҳоди Тоҷикистон қарор дорад.

Ширкати «Сангоб»-и Эрон дар ҳоли ҳозир саргарми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда- 2 аст ва қарор аст то тирамоҳи имсол сохтмони ин
нерӯгоҳ такмил шавад. Ин тарҳ тавассути сармоягузории ҷониби Эрон дар ҳаҷми бештар аз 200 миллион доллар бунёд мешавад. Ширкати эронии «Сангоб» ба думболи анҷоми тарҳи «Сангтӯда -2» ба сохтмони нерӯгоҳи "Айнӣ" дар рӯдхонаи Зафаршон оғоз хоҳад кард.

Аммо сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ- обӣ дар рӯдхонаҳои Зарафшон ва Хингоб дар шимолу ҷануби Тоҷикистон, тарҳҳое ҳастанд, то чанд вақти пеш Ҷумҳурии мардумии Чин низ гуфта буд, омодааст, дар иҷрои онҳо саҳм бигирад. Ва ба ин манзур ҳатто мутаххасисони чинӣ аз маҳалли эҳдоси ин нерӯгоҳҳо дидан намуданд. Вале баъдан мақомоти Тоҷикистон эълон намуданд, ки Чин таҳти фишори ҷониби Узбакистон аз иҷрои тааҳҳудоти худ иҷрои сохтмони ин нерӯгоҳҳо сарфи назар кардааст. Аммо акнун суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки оё Эрон низ бо чунин фишоре дар иҷрои тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои Айнӣ ва Нуробод гирифтор нахоҳад шуд? Ва Эрон то куҷо дар иҷрои ин тарҳҳо қотеъ хоҳад буд?

Сайфулло Сафаров, муовини Мудири маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барои худи Эрон низ
Сайфулло Сафаров, муовини Мудири маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳим аст, ки иҷро ин тарҳҳоро ба намоиш бигузорад. Ӯ мегӯяд: «Барои онҳо низ як қоғази таҳлилӣ, мисле дар озмоишгоҳи химиявӣ хоҳад буд, ки таҳлил мекунанд, ки то куҷо дар тасмимашон қотеъ ҳастанд дар баробари ангезаҳое, ки кишварҳои ҳамсоя ва минтақа доранд метавонанд муқовимат кунанд. Аз сӯи дигар, иҷрои ин тарҳҳо ба нафъи худи Эрон низ ҳаст ва мавқеъи худи Эронро дар минтақа мустаҳкам мекунад, чун як кишваре, ки тавонист як кишвари дигари мусулмониро кӯмак кунад».

Узбакистон устухоне дар гулӯ

Дар ҳамин ҳол, Ҳомидҷон Орифов, дабири Кумитаи миллии Тоҷикистон дар Комиссюни байналмилалии сарбандҳои бузург мегӯяд, аз назари техникӣ ва молӣ ва имконоти дигар, Эрон тавони сохтмони нерӯгоҳҳои бузургро дорад. Оқои Орифов мегӯяд, ин кишвар дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонии пазируфташуда аз назари бехатарӣ метавонад ин тарҳҳоро амалӣ кунад. Аммо оё пеш омадани мушкиле дар иҷрои ин тарҳҳоро метавон итизор дошт? Ва шароити эҳтимолие вуҷуд дорад, ки Эронро низ водор ба ақибнишинӣ аз чунин иқдом кунад?

Ҳомидҷон Орифов дар ин бора мегӯяд: «Ҳар кор шуданаш мумкин аст. Мо то ҳол дар рӯзномаҳо хондем, ки Узбакистон гуфтааст, ки метавонад харидори нафти Эрон шавад. Кадом давлате, ки мо мехоҳем бо вай кор
Ҳомидҷон Орифов, дабири Кумитаи миллии Тоҷикистон дар Комиссюни байналмилалии сарбандҳои бузург
кунем, кӯшиш мекунад онро дигар тараф барад. Масалан Покистонро бинед, ин гапа бардоштаст Узбакистон, ки гуё ҳамин боронҳои зиёд, ки соли гузашта дар Покистон ин сабабаш хушк шудани Арал будааст. Ва агар сарбандҳои сохта шавад мушкил бештар мешавад. Боз як масъалаи дигари сиёсӣ аст. Эрон мехоҳад ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамроҳ шавад. Аммо Узбакистон хеста гуфт, ки Эрон таҳти таҳрим қарор дорад ва ин кор мумкин нест. Ин масъалаҳо ҳастанд».


Эрон дар соли гузашта Русияро пушти сар гузошт ва баъд аз Чин дуввумин кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон буд. Ин кишвар то кунун дар тарҳи сохтмони тунели «Истиқлол», сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯдаи 2», роҳи Кӯлоб-Дарвоз ва сохтмони чандин корхонаи муштарак саҳм гирифтааст. Нерӯгоҳи «Сангтӯдаи 2» имсол такмил мешавад ва 12 сол аз он Эрон баҳрабардорӣ хоҳад намуд ва баъдан он дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад.

Равобити гарми Тоҷикистон ва Эрон

Ширкатҳои эронӣ қасд доранд, дар моҳи март дар озмуни довталабӣ ба манзури сохтмони марҳилаи дигаре аз роҳи Кӯлоб - Дарвоз баранда шаванд. Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди сохтмони як корхонаи тавлиди семент ба арзиши 500 миллион доллар низ ба тавофуқ расидаанд. Муносиботи Тоҷикистон ва Эрон зоҳиран аз сатҳи боло ва гарме бархурдор аст. Ва
сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон дар ҷанши Наврӯзи имсол дар назар аст. Аз имкони сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон низ ба Душанбе дар ояндаи наздик сухан меравад, аммо мақомот онро то кунун таъйид накардаанд.

Дар соли гузашта, вақте Тоҷикистон дучори муҳосираи иртиботи Узбакистон шуд, Эрон танҳо кишваре буд, ки ба сароҳат пуштибонии худро аз Тоҷикистон эълон кард ва ба Узбакистон ҳушдор дод. Тоҷикистон ва Эронро забон, адабиёт, таърих ва дини муштарак ба ҳам мепайвандад. Аммо низомҳои ҳокими кунунии ду кишвар ду қутби ба ҳам комилан мухолифанд, яке дунявии ба истилоҳи мунақидонаш ифротӣ ва дигаре боз ҳам ба таъбири мунақидонаш мазҳабии бунёдгаро. Аммо яке шадидан ба пул ниёз дорад ва дигаре дар шароити инзиво ба шарик ва ин ду нуктаи иштироки ин ду режими дунявӣ ва мазҳабӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG