Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Эрон ҳабси Мусавӣ ва Каррубиро рад карданд


Мақомоти Эрон гузоришҳоро дар бораи зиндонӣ шудани Ҳусайн Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ-раҳбарони мухолифони давлат рад карданд, вале дар бораи маҳали иқомати онҳо маълумот надоданд. Ин ду раҳбари мухолифон даъват карда буданд, ки ба ҳимоят аз тазоҳуроти эътирозӣ дар кишварҳои арабӣ ҷонибдоронашон дар Эрон низ раҳпаймоӣ анҷом диҳанд. Аз он вақт то ҳол, яъне аз 14-ӯми феврал ин ду нафар дар ҳабси хонагӣ қарор доштанд. Аммо аъзои хонаводаи онҳо ва сомонаҳои интернетии мухолифон навиштанд, ки мақомоти интизомӣ рӯзи панҷшанбеи гузашта онҳоро ба зиндоне дар хориҷ аз Теҳрон интиқол додаанд. Ҷонибдорони мухолифон тасмим гирифтаанд, ки шоми имрӯз дар Теҳрон раҳпаймоӣ анҷом диҳанд ва раҳоии Мусавӣ ва Каррубиро тақозо кунанд.
XS
SM
MD
LG