Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи тоҷирро дар Нукати Қирғизистон оташ заданд


Полиси Қирғизистон мегӯяд, як гурӯҳи тақрибан 500 нафарӣ дар шаҳри Нукат дар ҷануби ин кишвар хонаи як тоҷирро ба оташ кашидааст. Ин гурӯҳ тоҷирро дар куштори Сагинек Алимбаев- корманди идораи андози маҳаллӣ муттаҳам медонад. Полис баъд аз оташ задани хона гурӯҳро пароканда кардааст. 23-юми феврал Алимбаеви 45 соларо дар дохили мошинаш пайдо карданд, ки аз тири аслиҳаи оташзо кушта шуда буд. Полис мегӯяд, баъд аз ин ҳодиса ҳоло вазъ дар Нукатро зери контрол даровардааст.
XS
SM
MD
LG