Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Майли гурезаҳои Ӯш ба кишвари савум


Як гурӯҳ паноҳандагони узбак хостори интиқоли онҳо аз Тоҷикистон ба кишвари саввум шудаанд.

Дар пайи низоъҳои хунин миёни қирғизу узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон, бештар аз 400 нафар ва аксаран узбакҳо кушта ва ҳудуди 50 нафар аз муҳоҷирони узбак ба Тоҷикистон фирор карда ва ҳаққи паноҳандагӣ гирифтаанд.

Муҳоҷирони узбак мегӯянд, бо вуҷуди истиқболи гарм дар Тоҷикистон, ҳоло аз назари иқтисодӣ сахтиҳои зиёд мекашанд ва мехоҳанд ба кишвари саввум интиқол дода шаванд.

Ҳабибулло Каримов, яке аз раҳбарони паноҳҷӯён мегӯяд, тамоми 9 хонаводаи паноҳҷӯён дар вазъи бисёр баде мондаанд, зеро бо гузашти 7 моҳ аз фирор аз Қирғизистон ва иқоматашон дар Тоҷикистон, захираҳои молие, ки доштанд, ба поён мерасад: “Зиндагии мо ҳоло бисёр сахт аст, зеро пасандозҳоямон тамом шуд. Аз ин рӯ ҳоло вазъи зиндагиамон бисёр бад аст.”

Ҳабибулло Каримов мегӯяд илоҷе ба ғайр аз мондан дар Тоҷикистон надоранд, зеро хонаҳои баъзе аз онҳоро дар Қирғизистон оташ задаанд ва гузашта аз ин паноҳҷӯён аз бозгашт ба он кишвар метарсанд: “Алайҳи тамоми раҳбарони мо ва дигарон парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, аз ин рӯ мо аз онҷо гурехтем. “

Ҳабибулло Каримов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ 49 нафар паноҳҷӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар наздикии Душанбе ба сар мебаранд ва дар миёни онҳо кӯдакон ва занони обистан ҳам ҳастанд. Баъзе аз кӯдакон дар макотиби узбакии ноҳия таҳсил мекунанд, баъзеи дигар бинобар надоштани васоили мактабӣ аз таҳсил дур мондаанд. Ӯ мегӯяд, аз ҳукумати Тоҷикистон таваққӯъи кӯмак надоранд, зеро бо чашми худ мебинанд, ки мардуми фақири маҳаллӣ ҳам зиндагии хубе надоранд.

Ба паноҳандагони узбак дар Тоҷикистон тайи ҳафт моҳи иқомат танҳо созмони ғайриҳукуматии RCVC “Кӯдакони паноҳҷӯ ва афроди осебпазир” кӯмак кардааст. Мавҷуда Раҳмонов, раҳбари ин созмон мегӯяд: “Мо аз рӯи имконот ба онҳо кӯмаки молӣ ва моддӣ, аз ҷумла либоси гарм, пойафзоли тобистона барои кӯдакон ва ҷойхоб ва ду бор маводи ғизоӣ тақсим кардем.”

Ҳабибулло Каримов гуфт, паноҳандагони узбакро дар Тоҷикистон ба хубӣ мизбонӣ карда ва бо мусоидати Кумиссариёи Олии Созмони Милал, ҳаққи паноҳандагӣ ҳам додаанд, вале онҳо дигар наметавонанд, бо сахтии зиёд дар Тоҷикистон бимонанд. Ба ин хотир, паноҳандагони узбак аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳам аз дафтари Кумиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон хостаанд, дар интиқоли онҳо ба кишвари саввум мусоидат кунанд.

Аммо Хосе Еусид, намояндаи ин созмон дар Душанбе гуфт, ин кор ба осонӣ муаяссар нахоҳад шуд: “Дар айни ҳол дар мавриди интиқоли паноҳандагони узбак чизе гуфтан бисёр мушкил аст, зеро аввал мо бояд тамоми парвандаҳои онҳоро як ба як баррасӣ кунем ва дуввум бояд бубинем, ки оё ягон кишвар барои пазируфтани ин паноҳандагон таваҷҷӯҳ дорад? Ва ин ба кишварҳои мизбон вобаста аст, ки бигӯянд, ба парвандаи фалон паноҳанда таваҷҷӯҳ ва ё майли пазируфтани ӯро доранд.”

Ҳабибулло Каримов, мегӯяд, онҳо моиланд ба Амрико, Австралия ва ё Канада муҳоҷират кунанд, аммо айни замон бинобар вазъи мушкили зиндагиашон омодаанд ба ҳар кишвари дигар бираванд.

Бар асари низоъҳои қавмӣ дар шаҳрои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон дар моҳи июни соли гузашта, дастикам 400 нафар, аксаран узбакҳо кушта шуданд ва ҳазорон нафар ҳам дар он замон ба Узбакистон фирор карда ва баъдан ба маҳалҳои зисти худ баргаштанд.
XS
SM
MD
LG