Пайвандҳои дастрасӣ

Cафари “Истиқлол” ба Туркия


Tajikistan -- Football match "Istiqlol" versus "Regar", Dushanbe, 03Dec2010

Tajikistan -- Football match "Istiqlol" versus "Regar", Dushanbe, 03Dec2010

Тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, шаби 1-уми март ба Туркия сафар кард.

Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи “Истиқлол”, ба радиои Озодӣ гуфт: “Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Анталия тӯли ду ҳафта идома хоҳад кард. Ба ҳайати даста 22 футболбоз шомиланд, ки байни онҳо якчанд бозигарони нав ҳастанд ва мо имкон дорем, онҳоро дар бозиҳои контролӣ бисанҷем. Воқеъан, дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, мо дар Туркия бо тимҳои хориҷӣ якчанд бозии санҷишӣ анҷом хоҳем дод”.

“Истиқлол” қабл аз ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ бо рақиби аслиаш - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон талош хоҳад кард. Баргузории ин бозӣ 3-юми апрел дар назар аст.

Вале рақибони “Истиқлол” дар Ҷоми раиси AFC 14-уми март бар асоси қуръакашӣ, ки дар Малайзия баргузор мешавад, муайян хоҳанд шуд. Ба ғайр аз “Истиқлол” дар ин мусобиқа зӯртарин бошгоҳҳои футболи 11 кишвар – Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Қирғизистон, Мянмар, Непал, Покистон, Тайван, Туркманистон, Фаластин ва Шри-Ланка ширкат хоҳанд кард.

Бар асоси низомномаи нави мусобиқот дар марҳилаи муқаддамотӣ 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан 6 даста дар ду гурӯҳ рақобат мекунад. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал баромада, барои Ҷом талош хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG