Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наҷмиддин Эрбакон дар Истамбул ба хок супурда мешавад


Маросими дафни Наҷмиддин Ербакон

Маросими дафни Наҷмиддин Ербакон

Имрӯз дар Туркия маросими дафни Наҷмиддин Эрбакон-аввалин нахувствазири исломгарои ин кишвар баргузор мешавад. Вай рӯзи якшанбе дар синни 85-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Анкара даргузашт. Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия дар робита бо ин маросим боздиди худ аз Брусселро мавқуф гузошт. Эрбаконро Эрдуғон устоди худ медонад. Имрӯз ҳазорон нафар, аз ҷумла аъзои ҳукумати Туркия дар маросими видоъ бо Эрбакон ширкат карданд. Сипас ҷанозаи вай барои дафн ба Истамбул интиқол дода шуд.
XS
SM
MD
LG