Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

241 нафар барои Ҷоизаи Сулҳи Нобел пешниҳод шудаанд


Кумитаи ҷоизаи Нобел дар Норвегия мегӯяд, барои дарёфти Ҷоизаи Сулҳи Нобел дар соли 2011 241 довталаб пешниҳод шудаанд. Ҷер Ландестад-дабири доимии ин кумита мегӯяд, дар ин феҳрист барои дарёфти ҷоиза 188 нафар ва 53 созмон дохил шудаанд. Замони пешниҳоди номзадҳо то якуми феврал муқаррар шуда буд. Барандаи ҷоиза моҳи октябр эълон мешавад. Кумитаи ҷоизаи Нобел номи пешниҳодшудагонро ошкор намекунад, вале гурӯҳи ҳуқуқи башари Русия гуфтааст, ки Светлана Ганушкина, WikiLeaks ва норозиёни сиёсии Куба ба ин феҳрист ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG