Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мирзохӯҷа Аҳмадов ва 11 ҷонибдораш аслиҳаи худро ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таслим кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Аҳмадов ва ҷонибдоронаш довталабона ба раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт ҳозир шуда, силоҳҳои худро супориданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
"Яроқҳои мазкур барои ташхиси криминалӣ гирифта шудаанд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳар касе, ки ихтиёран силоҳҳои худро супорид, афв карда мешавад"
,-афзуд ӯ.

Бар асоси иттилои расмӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла Саидҷаъфар Рафиев, Тоҷиддин Додаров ва Шариф Одилов ду милтиқи снайперӣ, як норинҷакандоз, як мусалсал ва ҳашт автомати Калашников, ҷамъ 12 адад силоҳро таслим кардаанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз тафсили мавзӯъ худдорӣ кард.



Олим Одилов, аз гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов низ тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ иттилои мақомотро таъйид карда, гуфт: "Ҳозир ба мо гуфтанд, ки ин силоҳҳоро бурда, аз гилзотека ва ташхис мегузаронем. Маслиҳат ҳамин хел буд, ки гуфтанд, агар ҳамин силоҳҳо дар ҳамон ҳамла дар дараи Камароб иштирок накарда бошанд, ё бармегардонем, ё ба ҷои он силоҳи дигар медиҳем ва ба ягон ҷо шомилатон мекунем. Ҳоло дигар чизе намедонем. Мо дар ситоди худ ҳастем. Силоҳҳоро Душанбе мебаранду меоранд. Бубинем, ки чӣ натиҷа мешавад."

Ҷаноби Одилов гуфт, ҳоло ба гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов 28 нафар расман сабти ном шудаанд, ки ба мақомот пешниҳод шудааст ва барои таъмини амнияти худ панҷ мил силоҳ доранд, ки аз сӯи мақомот ҷудо шудааст.

Мирзохӯҷа Аҳмадов
Исми Мирзохӯҷа Аҳмадов дар моҳи феврали соли 2008, баъд аз ҳодисаи куштори фармондеҳи нерӯҳои зудамал ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ Олег Захарченко сари забонҳо уфтод ва то кунун дар таҳаввулоти Тоҷикистон зикр мешавад.

Моҳи сентябри соли гузашта, баробари шурӯъи амалиёти густарда дар шарқи Тоҷикистон мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба пинҳон кардани Мулло Абдулло, раҳбари гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳамлаи 19 сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, ки 25 афсару сарбозро кушта ба ҷой гузошт ва таъсиси макотиби террористӣ барои наврасон айбдор карда буданд.

Аммо ба назар мерасад, ки баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷароим даст надорад ва барои муқобила бо гурӯҳҳои Аловуддин Давлатов, муллақаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмак мерасонад.

ҲАМЧУНИН БИХОНЕД:

Мирзохӯҷа Аҳмадов кист?

А.Қаҳҳоров: "Парвандаи Мирзохӯҷа Аҳмадов ниҳоӣ нашудааст"

Мирзохуҷа Аҳмадов аз печида шудани авзоъ нигарон аст

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG