Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Бекеле Гелетта бо Эмомалӣ Раҳмон


Бекеле Гелетта, дабири кулли Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

Бекеле Гелетта, дабири кулли Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

Дабири кулли Федератсиюни байналмилалии Салиби Сурх бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯ намуд.

Оқои Гелетта баъд аз анҷоми мулоқот ба хабарнигорон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи осебпазирии бархе навоҳӣ ва хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал додааст.

Вай афзуд, сӯҳбатҳои раисҷумҳуррро бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баррасӣ мекунанд ва кӯмаки заруриро ба Тоҷикистон хоҳанд расонд.

Дабири кулли Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷиҳати ширкат дар Форуми раҳбарони ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Осиёи Марказӣ вориди Душанбе шудааст, ки аз 1-ум то 3-юми март баргузор мешавад.

Ҳамоиши раҳбарони ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмар

Стратегияи нави Ҳаракати саросарии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ҷаҳон, дипломатияи инсондӯстӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ ва вокуниш ба онҳо, ҳамчунин мавзӯъи муҳоҷират дар меҳвари баррасиҳои ҳамоиш хоҳанд буд.

Ин ҳамоиш бо ибтикори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва бо мусоидати Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх баргузор мешавад.

Ба иттилои Зафар Муҳаббатов, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш раҳбарони ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва ба сифати меҳмон Салиби Сурхи Федератсияи Русия иштирок меварзанд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз нахустин созмонҳои ёрирасон ва башардӯстона дар кишвар буда, аз соли 1927 ба ин сӯ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ ва мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби ҶҲАТ беш аз 20 барнома дар соҳаҳои беҳдоштӣ, коҳиши хатарот аз офатҳои табии бо пуштибонии молии Федератсияи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи кишварҳои аврупоӣ амалӣ мегарданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG