Пайвандҳои дастрасӣ

"Олтин асир" - барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Тими футболи "Олтин асир"

Тими футболи "Олтин асир"

Дастаи футболи “Олтин асир”-и Ишқобод барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон гардид.

“Олтин асир“ дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и Ишқобод бо ҳузури 25 ҳазор тамошогар бар тими “Ганҷасар”-и Арманистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Амонмуҳаммад Чориев, шореҳи варзиш, ба радиои Озодӣ гуфт: “Ҳисобро Амир Қурбонӣ, бозигари тими мизбон, дар дақиқаи 62-юм аз ҷаримаи 11-метра боз кард.

Ин голи 600-ум дар таърихи баргузории Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон мебошад. Вахе Давтян, ҳамлагари “Ганҷасар”, дар дақиқаи 76-ум ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Қаҳрамонбердӣ Ҷонкаев дар дақиқаи 89-ум аз пенолти ба ҳадаф расонд”.

Ба ин тартиб “Олтин асир” барои бори дуввум паиҳам бо Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мукофотонида шуд.

Тими “Ганҷасар”, ки мақоми дуввумро касб кард, бо 10 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Қабл аз бозии ниҳоӣ рӯзи душанбе дар варзишгоҳи “Ободон”-и шаҳри Ободон ду дастаи Туркманистон - “Небитчӣ”-и Балканобод ва “Марв”-и Марв барои ҷои севум мубориза бурданд. Замони асосии ин дидор бидуни гол хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра “Небитчӣ” бо ҳисоби 4:2 ғолиб шуд ва соҳиби 5 ҳазор доллар гардид.

Артур Кочарян («Ганҷасар») беҳтарин бозигари мусобиқаи XVII байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон гардид.

Инчунин Леван Бубутейшвили («Ганҷасар») беҳтарин дарвозабон, Оқмурод Ҷумъаназаров («Марв») беҳтарин ҳимоятгар, Дидорқлич Урозов («Небитчӣ») беҳтарин нимҳимоятгар, Қаҳрамонбердӣ Ҷонкаев («Олтин асир») беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд. Амир Қурбонӣ («Олтин асир») бо 3 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.

Ёдовар мешавем, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар сабқати гурӯҳи “В” аз “Небитчӣ” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, “Шексна”-и Череповетси Русияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва бозиро бо “Марв” бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, бо 4 имтиёз ҷои севумро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон маҳрум гашт.
XS
SM
MD
LG