Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе - қаҳрамони ҳандболи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии ҳандбол ё тӯби дастии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки дар Қасри варзиши иттифоқҳои касабаи пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии тими шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дастаи Душанбе, ки дар бозии ҳалкунанда бар тими вилояти Хатлон ғолиб омад, мақоми аввалро касб кард ва бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Ба дастаи вилояти Хатлон, ки ҷои дуввумро гирифт, медалҳои нуқра супурда шуд.

Дастаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҷои севумро азони худ кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Саид Маҳмудов, муовини аввали раиси Федератсиюни ҳандболи Тоҷикистон, ба радиои "Озодӣ" гуфт:

“Ҳандбол дар Тоҷикистон аз соли 2005-ум, баъди таъсиси Федеросиюни миллии тӯби дастӣ таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз нав эҳё шуд. Ва ҳоло ин навъи олимпии варзиш дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст. Дар ин муддат дар кишвар якчанд мусобиқаи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барпо гардид. Ҳамчунин ҳандболбозони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карданд. Масалан, тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои IV бонувони кишварҳои исломӣ дар Эрон миёни 12 даста дар мақоми 7-ум қарор гирифт. Дар ҳамин ҳол тими мунтахаби мардонаи мо ба мусобиқаи “Ҷоми Дӯстӣ”, ки нимаи аввали моҳи апрел дар шаҳри Кобул бо ширкати тимҳои Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинад. Вале барои рушди минбаъдаи ин навъи варзиш дар Тоҷикистон мо ба толорҳои замонавии варзишӣ ва майдонҳои ҳандбол ниёз дорем”.
XS
SM
MD
LG