Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Крайстчерч меафзояд


Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи нав шояд то 240 нафар афзоиш ёбад. Як мақоми полиси шаҳр гуфт, ки то имрӯз аз байни харобаҳо ҷасади 150 нафар берун карда шудааст ва аммо одамони зиёде дар рӯйхати беному нишон ғайбзадагонанд.

Дирӯз дар ин шаҳр маросими видоъ бо қурбониёни заминларза шурӯъ шуд.

Офати табиӣ расо як ҳафта пеш, рӯзи сешанбеи гузашта рӯх дод ва он мудхиштарин заминларза дар Зеландияи нав дар 80 соли ахир маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG