Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Теҳрон ба мухолифини ҳукумат


Мақомоти Эрон ба мухолифин ҳушдор доданд, ки аз ширкат дар намоишҳои эътирозии имрӯз худдорӣ кунанд. Додситонии кулли Эрон изҳор намуд, ки аъмоли, ба истилоҳ «зиддиқонунӣ» бидуни посух нахоҳанд монд.

Дар сомонаҳои интернетии раҳбарони мухолифин Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ аз мардум даъват шудааст, ки рӯзи 1 март дар хиёбонҳои Теҳрон ва дигар шаҳрҳо ҷамъ омада раҳоии ин ду раҳбари мухолифинро талаб кунанд.

Дар торнамои Каррубӣ хабаре нашр шудааст, ки афроди ношинос ӯ ва ҳамсарашро аз манзил гирифта ба тарафи номаълум бурдаанд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки Каррубӣ ва Мусавӣ таҳти ҳабси хонагӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG