Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои ду вазири ҳукумати муваққати Тунис


Теъдоди вазирони ҳукумати Тунис коҳиш ёфт

Теъдоди вазирони ҳукумати Тунис коҳиш ёфт

Ҳукумати муваққати Тунисро ду вазир тарк намуданд. Ба думболи сарвазир Муҳаммад Ғанушӣ дирӯз вазир оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва вазири саноат, ки замони қудрати раисиҷумҳури барканоршуда Зайнулобддин бини Алӣ соҳибмақом буданд, истеъфо доданд.

Даҳ рӯз боз дар канори бинои ҳукумати Тунис намоиши эътирозӣ бо талаби истеъфои ҳама атрофиёни Бин Алӣ идома дорад.

Дирӯз Беҷӣ Кайд Эссебсии 84-сола нахуствазири Тунис таъин шуд. Ӯ замони қудрати президенти собиқ Ҳабиб Бурғиба чандин сол раҳбарии вазоратҳои гуногунро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG