Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бар пояи арзёбии СММ, ҳафтаи гузашта бар асари нооромиҳо Либияро беш аз сад ҳазор нафар тарк намуданд.

Валери Эймос, ҳамоҳангсози барномаҳои байнулмилалии кӯмак дар ҳолатҳои изтирории СММ гуфт, ки даҳҳо ҳазор нафар дар Мисру Тунис ва тақрибан ҳазор нафар дар Нигер панаҳ бурдаанд.

Дирӯз Иттиҳодияи Аврупо ба думболи Шӯрои амнияти СММ алайҳи режими раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ таҳримҳо ҷорӣ кард.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умри хориҷии Амрико, дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар изҳор намуд, ки барои Қаззофӣ замони тарки мақом фаро расидааст.

Ба иттилоъи Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг, ки ахиран тафтиши ҷиноёти эҳтимолӣ алайҳи башарият дар Либияро шурӯъ кардааст, бар асари бархӯрдҳо дар ин кишвар шояд тақрибан ду ҳазор нафар ба ҳалокат расида бошанд.
XS
SM
MD
LG