Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олим Бобоев аз мақоми вазири нақлиёт рафт


Олим Бобоев
Олим Бобоев
Имрӯз бо фармони раисиҷумҳуриТоҷикистон дар заминаи вазорати нақлиёт ва алоқа вазорати нақлиёт ва хадамоти алоқа таъсис дода шуда, Низом Ҳакимов вазири нақлиёт ва Бег Зуҳуров раҳбари хадамоти алоқа таъйин шуданд. Олим Бобоев, вазири ҳамакнун собиқи нақлиёт ва алоқа мудири пажӯҳишгоҳи иқтисод ва нуфусшиносии Фарҳангистони улум мансуб шуд.
Ҳамчунин Аъзамшоҳ Шарипов - мушовири раисиҷумҳур дар умури сиёсати хориҷӣ, Ҳамидуллоҳхон Фақиров – муовини аввали вазири иқтисод таъйин шуданд. Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамин тавр, мудирони чанд шӯъбаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва раҳбарони ҷадиди пажӯҳишгоҳҳои бозсозишудаи Фарҳангистони улум таъйин шудаанд.
XS
SM
MD
LG