Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 28-уми феврал доир шуд тағйироти кадрӣ ва сохторӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла, дар заминаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ду сохтор – Вазорати нақлиёт ва Хадамоти алоқа таъсис дода шуд.

Олимҷон Бобоев аз вазифаи Вазири нақлиёт ва коммуникатсия озодва раиси Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳо таъйин шудааст.

Низом Ҳакимов вазири нави нақлиёт ва Бег Зуҳуров сардори Хадамоти алоқа таъйин гардидаанд.

Бо фармони расиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таъйиноти кадрии зерин сурат гирифтааст:

Ҳамидуллохон Фақиров – муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо;

Анвар Бобоев – муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷират;

Саидғуфрон Абдулло – муовини сардори Хадамоти муҳоҷират;

Саид Бороншоев – директори кулли Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия";

Ҷамшед Шерматов – раҳбари Оҷонси рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Тоҷикистон;

Юнус Мамадҷонов – раиси Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо;

Ҳикмат Ҳисориев - раиси Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳо;

Абдувоҳид Шамолов - раиси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳо;

Одил Сангов – мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон;

Фирӯз Ҳикматов - мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон;

Хайрулло Ибодзода - мудири шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон;

Даврон Зоҳидов - мудири шуъбаи иттилоотию техникии Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон;

Раҳмон Умаров – котиби Комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва марзӣ;

Азамшо Шарипов – мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ;

Шодмон Шокиров – муовини аввали директори Оҷонсии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон;

Ҳамзамон номзадии Исмоил Орифшоев барои таъин гардидан ба вазифаи муовини аввали раиси вилояти Бадахшон ва Ситора Шерова ба мақоми муовини раиси вилояти Хатлон пешниҳод шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG