Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳейг парвандаи Либияро таҳқиқ мекунад


Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аз оғози таҳқиқи муқаддамотии ҷиноёти алайҳи башарият дар Либия хабар дод. Луис Морено-Окампо дар Ҳейг гуфт, дафтари ӯ феълан “иттиҳомот дар бораи ҳамлаҳои фарогир ё пайваста алайҳи мардуми мулкӣ” аз сӯи нирӯҳои содиқ ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофиро арзёбӣ мекунад: “Ҳар касе ки ҷиҳати ҳамла ба мардуми мулкӣ қасд кунад, метавонад таҳти таҳқиқ ва муҷозот қарор бигирад. “
Масъалаи ба додгоҳи Ҳейг кашонидани мавориди саркӯбии эътирозҳои Либияро қаблан Шӯрои Амният матраҳ карда буд.
XS
SM
MD
LG