Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИА алайҳи Либия таҳримот ва эмбарго эъмол кард


Қаззофӣ дар канори Муборак, Абдуллоҳ Солеҳ ва Бен Алӣ

Қаззофӣ дар канори Муборак, Абдуллоҳ Солеҳ ва Бен Алӣ

Нишасти сафирони ИА дар Брюссел имрӯз алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ таҳримот эъмол кард, ки манъи фурӯши аслиҳа, манъи ироаи раводиди сафар ва мунҷамид сохтани суратҳисобҳои бонкии раҳбари Либия ва зери 20 тан аз аъзои хонавода ва ёрони ӯро дар бар мегирад. Тамаш Феллегӣ, вазири энержии Маҷористон – раҳбари давраии ИА- гуфт, ин созмон “фурӯши аслиҳа ба Либияро эмбарго гузошта, алайҳи масъулони саркӯбии хушунатбори мардуми мулкӣ таҳримот ҷорӣ мекунад.”
Куммисари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай имрӯз дар Женева дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар ҳамаи кишварҳоро ба ҳимоят аз ислоҳот дар Ховари Миёна даъват кард. Буҳрони Либия як мавзӯъи аслии нишасти Женева шудааст.
XS
SM
MD
LG