Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак ва хонаводааш мамнӯъулухуруҷ шуданд


Миср раҳбари барканоршудааш Ҳуснӣ Муборак ва аъзои хонаводаи ӯро мамнӯъулхуруҷ карда, ҷиҳати мунҷамид сохтани суратҳисобҳои бонкии онҳо низ амр додааст. Сухангӯи додситонии кулли Миср гуфт, Муборак ва аҳли хонаводааш то замони анҷоми таҳқиқи гумонҳо дар бораи сарвати гирдовардаи онҳо аз ҳаққи сафар ба хориҷ маҳрум мешаванд. Муборак рӯзи 11 феврал дар натиҷаи эътирозҳо истеъфо дод.Бовар меравад, ки тайи 30 соли ҳукмронии Муборак ӯву ҳамсар ва ду писараш миллиардҳо доллар ҷамъ овардаанд. Гуфта мешавад, ки Ҳуснӣ Муборак ва аҳли хонаводааш дар шаҳри Шармулшайх, дар соҳили баҳри Сурх, дар инзивоъ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG