Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай барои се рӯз ба Лондон рафт


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай имрӯз ба хотири мулоқот бо мақомоти Бритониё ба Лондон рафт. Тайи ин сафари расмии серӯза, қарор аст, Карзай бо сарвазири Бритониё Девид Кемерон масоили амният ва бозсозии Афғонистон ва кумакҳои Бритониё ба Кобулро баррасӣ кунад. Ӯ дар дидор бо вазири дифоъи Бритониё Лиам Фокс мавзӯъи таҳвили масъулият аз нирӯҳои НАТО ба нирӯҳои афғонро баҳс хоҳад кард. Ин раванд бояд тобистони соли равон оғоз ёфта, то поёни соли 2014 такмил шавад. Феълан 10 000 аз 140 000 нирӯи хориҷии мустақар дар Афғонистонро сарбозони Бритониё ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG