Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 4 сарбози НАТО дар Афғонистон


НАТО мегӯяд, имрӯз дар Афғонистон боз 4 сарбози эътилоф кушта шуданд. Се тани онҳо бар асари таркиши бомб ва якеи дигар дар натиҷаи ҳамлаи чирикиҳо ҷон бохтаанд. Шумори сарбозони кушташудаи НАТО дар Афғонистон дар моҳи феврал, ба ин тартиб, ба 34 нафар расид, ки назар ба 31 қурбонии моҳи январ бештар аст. Соли гузашта бо 701 қурбониаш дар байни нирӯҳои эътилоф хунинтарин сол барои сарбозони хориҷӣ дар 9 соли ҷанги Афғонистон буд.
XS
SM
MD
LG