Пайвандҳои дастрасӣ

ИА дар садади эъмоли таҳримот алайҳи Қаззофист


Кетрин Эштон

Кетрин Эштон

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон дар ҳошияи нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева гуфт, ИА имрӯз мавзӯъи эъмоли таҳримот алайҳи Либияро баррасӣ хоҳад кард. Таҳримоти ИА, бино ба хабарҳо, манъи раводиди сафар ва мунҷамид сохтани суратҳисобҳои бонкии раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва атрофиёни ӯро дар бар мегирад.
Куммисари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай дар Женева аз ҳамаи кишварҳо даъват кард, ки аз ислоҳот дар Ховари Миёна ҳимоят кунанд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ дар нишасти Женева мақомоти Либияро маҳкум кард: “Истифодаи нирӯи низомӣ алайҳи мардуми мулкӣ, тавре дар Либия рух дод ва мунҷар ба ҳалокати садҳо нафар шуд, ғайриқобилиқабул аст. Росия чунин хушунатро маҳкум мекунад.”
Буҳрони Либия ва масъалаи узвияти Троблус дар Шӯрои ҳуқуқи башар як мавзӯъи аслии нишасти Женева шудааст.
XS
SM
MD
LG