Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи севвуми ошӯбҳо дар Умон


Садҳо эътирозгар имрӯз, дар рӯзи севвуми ошӯбҳои Умон роҳҳои Суҳор, дуввумин бандари бузурги ин кишвари халиҷи Форсро бастанд. Нирӯҳои амниятӣ дар айни замон роҳҳои асосии ба сӯи ин бандари воқеъ дар тақрибан 200-километрии Масқат, пойтахти Умонро масдуд кардаанд. Мақомот мегӯянд, дирӯз вақте пулис дар Суҳор ба хотири пароканда кардани издиҳом аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурд, дастикам як нафар кушта шуд. Бар Умон хонаводаи султон Қобус бин Саид ҳукумат меронад ва ин кишвар гулӯгоҳи Ҳурмузд, масири содироти 40 дарсади нафти ҷаҳонро ҳамроҳ бо Эрон назорат мекунад. Умон ба маҳзи равобити қавиаш ҳам бо Теҳрону ҳам бо Вошингтон байни Эрону Ғарб низ нақши як миёнҷии муҳимро иҷро мекунад.
XS
SM
MD
LG