Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус фурӯши чархболҳо ба Гбагборо радд кард


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун
Минск хабарҳо дар бораи нақзи таҳрими байналмилалии фурӯши аслиҳа ба Соҳили Оҷ аз сӯи Беларусро «бебунёд» номида, радд кард. Андрей Савиних, сухангӯи вазорати хориҷаи Беларус ба Радиои Озодӣгуфт, Минск ба кулли қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ эҳтироми тамом қоил ҳаст ва бар фурӯши таслиҳоташ назорати комил дорад: «Пайдо шудани ин изҳорот моро ба ташвиш овард. Беларус ба тамоми қарорҳои Шӯрои Амният бо ҷиддият муносибат мекунад. Ва мо табъан бо тамом масъулият изҳор мекунем, ки аз Беларус ба Соҳили Оҷ ягон чархболи ҷангӣ фиристода нашудааст.»
Ин дар ҳолест, ки дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба хотири баррасии аъмоли Минск нишасти изтирории Шӯрои Амниятро даъват кардааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки Беларус алорағми таҳримот се чархболи ҷангӣ ва таҷҳизоти марбутаро дар ихтиёри нирӯҳои содиқ ба Лоран Гбагбо гузоштааст. Бо вуҷуди аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ эътироф шудани пирӯзии Алаззан Аттара дар интихоботи моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурии Африқо Гбагбо аз таҳвили қудрат ба ин рақибаш даст кашид.
XS
SM
MD
LG