Пайвандҳои дастрасӣ

5 миллион $ кумаки Русия барои Тоҷикистон


Русия барои идомаи фаъолияти Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон 5 миллион доллар ҷудо кард. Ин кумак барои иҷрои барномаи таъмини хонандагони макотиби миёнаи Тоҷикистон бо хӯроки гарми бепул масраф хоҳад шуд. Алзира Феррейра, мудири дафтари Барномаи озуқаи СММ дар Душанбе ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ин ёрии Маскав дар ҳоле мерасад, ки афзоиши нархи ғизо хонаводаҳои осебпазир дар Тоҷикистонро дигарбора ба имтиҳони сахте рӯбарӯ кардааст. Нархи орд дар ин кишвар дар як соли охир 31 дарсад афзудааст.
Барномаи озуқаи СММ қасд дорад имсол 360 000 толибилм дар Тоҷикистонро бо хӯроки гарм таъмин кунад. Тоҷикистон аз фақиртарин кишварҳои пасошӯравӣ боқӣ монда, беш аз нисфи ҷамъияташ зери хатти фақр ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG