Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз азми амири Баҳрайн ба ислоҳот


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз иқдоми амири Баҳрайн ҷиҳати тағйири кобина ва «азмаш ба ислоҳот» истиқбол кард. Амир Ҳамад бин Исо ал-Халифа дар пайи 2 ҳафтаи эътирозҳои зиддидавлатӣ 4 узви ҳукумат, бо шумули 2 намояндаи хонаводаи подшоҳиро барканор кард. Обама раҳбарони Баҳрайнро ҳамчунин ба роҳандозии гуфтугӯи фарогир бо мардум ташвиқ кардааст. Дар ҷараёни бузургтарин ошӯбҳое, ки Баҳрайн аз солҳои 90 ба ин сӯ шоҳид шуд, 7 нафар ҷон бохтаанд. Аксарияти шиъа шикоят мекунад, ки аз сӯи аққалияти суннии ҳоким таҳти табъиз қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG