Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико "маъракасозӣ"-и Эронро маҳкум кард


Амрико Эронро барои роҳандозии «маъракаи созмонёфтаи тарсдиҳӣ» маҳкум кард. Кохи Сафед гуфт, Эрон раҳбарону фаъолони сиёсӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳамчунин фаъолони созмонҳои донишҷӯён ва хабарнигорону блогнависонро ҳабс кардааст. Кохи Сафед Теҳронро ҳамчунин ба нақзи ҳаққи атбояш ба иттилоот тавассути масдуд кардани моҳвораҳо ва сайтҳои интернетӣ айбдор кард. Ин изҳорот ба дунболи нашри хабари аз манзилҳояшон дар Теҳрон кӯчонида шудани Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубист. Ин ду раҳбари мухолифин аз 14 феврал ба ин сӯ дар ҳасри хонагӣ қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG