Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон дар Женева буҳрони Либияро баҳс мекунад


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар Женева бо муттаҳидини калидии Вошингтон дар Аврупо мавзӯъи ҳамоҳанг сохтани посухи байналмилалӣ ба буҳрони Либияро баррасӣ мекунад. Хонум Клинтон ҳамчунин дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ суханронӣ хоҳад кард. Дар ин нишаст мавзӯъи ҳазфи узвияти Либия дар ин Шӯро баҳс хоҳад шуд. Шӯрои амнияти СММ алакай алайҳи раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва атрофиёни ӯ таҳримоте, чун манъи ироаи раводид ва мунҷамид сохтани суратҳисобҳои бонкӣ, эъмол кардааст. Ин ниҳод ҳамчунин болои фурӯши таслиҳот ба Либия низ таҳрим андохта, ба эҳзори Қаззофӣ ба додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ низ даъват кардааст. Бино ба ҳисобҳо, дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳо дар Либия дастикам 2000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG