Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Суханронии подшоҳ" соҳиби 4 "Оскар" шуд


Том Ҳупер, коргардони "Суханронии подшоҳ"

Том Ҳупер, коргардони "Суханронии подшоҳ"

Теъдоди бештари ҷоизаҳои «Оскар»-ро имсол филми бритониёии «Суханронии подшоҳ» ба даст овард. Филми коргардон Том Ҳупер 4 ҷоиза, бо шумули «Оскар» барои беҳтарин филмро соҳиб шуд. Хабари пирӯзии «Суханронии подшоҳ»-ро дар маросими эътои ҷоизаҳои Академияи синамои Амрико коргардони маъруф Стивен Спилберг эълон кард.
Колин Фирт, ки дар «Суханронии подшоҳ» нақши Ҷорҷи шашумро офаридааст, беҳтарин ҳунарманди мард, Наталӣ Портман барои иҷрои нақши раққосаи балет дар филми «Қуи сиёҳ» беҳтарин ҳунарпешаи зан ва «Дар як дунёи хубтар» аз Дания беҳтарин филми хориҷӣ дониста шуданд. «Шабакаи иҷтимоӣ», достони зиндагии асосгузори «Фейсбук» Марк Зуккерберг, ки довталаби умда ба ҷоизаҳои «Оскар» маҳсуб мешуд, ғайричашмдошт ҳамагӣ 3 ҷоиза гирифт.
XS
SM
MD
LG