Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи 56 кило маводи мухаддир дар як шабонарӯз


Мақомоти милиса танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон дар 4 мавриди алоҳида 56 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ВУДТ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз аввали сол 182 мавриди қочоқи маводи мухаддир ошкор шудааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи мустақим дошта, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддир, бавижа афюну ҳероини афғонӣ ба Қазоқистон ва Русия маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG