Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суханронии подшоҳ" соҳиби "Оскар" шуд


Дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Оскар" филми “Суханронии подшоҳ” беҳтарин филми соли гузашта эълон гардид.

Ин филми таҳиягари маъруфи бритониёвӣ Том Ҳупер дар бораи муборизаи шоҳ Георги шашум бо лакнати забонӣ дар дувоздаҳ бахш довталаби дарёфти муҷассамаҳои тиллоии “Оскар” – бонуфузтарин ҷоизаи олами синамо буд.

Дар маросими тақдими муҷассамаҳои Академияи синамои Амрико, ки соате пеш дар хонаи синамои “Кодак”-и Лос-Анҷелес анҷом ёфт, Том Ҳупер ба ҷоизаи таҳиягари беҳтарин соҳиб шуд.

Клин Ферт, ки дар филм нақши шоҳ Георги шашумро офаридааст, ба дарёфти “Оскар” дар бахши “Беҳтарин нақши мардона” мушарраф гардид.

Муаллифи филмнома Дэвид Сайдлер, ки зимнан, солҳои тулонӣ бо лакнати забонӣ дар набард буд, низ ҷоизаи “Оскар”-ро гирифт. Ӯ аз аъзои Академияи синамои Амрико изҳори сипос намуд, ки тавассути онҳо оламиён аз дарди гирифторони ин маризӣ огаҳ шуданд.

Аз ин пеш ҳам филми “Суханронии подшоҳ” ба дарёфти чанд ҷоизаи бонуфуз, аз ҷумла, ҷоизаҳои BAFTA - Академияи санъати кино ва телевизиони Бритониё мушарраф шуда буд.

Натали Портман барои нақши асосӣ дар филми “Қӯи сиёҳ” ҷоизаи барои беҳтарин нақши занонаро гирифт.

Филми Чарлз Фергюссон “Кори дохилӣ” дар бораи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ “беҳтарин асари мустанад” шинохта шуд.

“Шабакаи иҷтимой” - филм дар бораи созмондиҳандагони шабакаи Facebook, ки аз довталабони аслии ҷоизаҳои имсолаи “Оскар” маҳсуб мешуд, ба дарёфти фақат се муҷассамаи тиллоӣ, аз ҷумла, барои беҳтарин тарона, муваффақ гардид.

Раъйдиҳӣ барои барандагони ҷоизаҳои “Оскар” аз сӯи 5755 узви Академияи синамои ИМА тақрибан як ҳафта идома кард.
XS
SM
MD
LG