Пайвандҳои дастрасӣ

Камерон: "Замони рафтани Қаззофӣ фаро расидааст"


Кишварҳои ғарбӣ фишорро болои раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ шадидтар мекунанд

Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё, аз раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ даъват намуд, ки аз пойфишорӣ барои боқӣ мондан дар қудрат даст бардорад. Ба гуфтаи ӯ, дар Либияи оянда барои Қаззофӣ ҷое боқӣ намондааст. “Замони рафтани Қаззофӣ фаро расидааст, гуфт нахуствазири Бритониё. Дэвид Камерон ҳамчунин тайид кард, ки Лондон Муаммар Қаззофӣ ва хонаводаи ӯро аз ҳаққи масунияти дипломатӣ маҳрум кардааст.

Аз ин пеш Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё гуфта буд, ки "Шаби гузашта ман дастур додам, ки на танҳо Муаммар Қаззофӣ, балки хонаводааш ва моликияти онҳо дар Бритониё аз ҳаққи масунияти дипломатӣ маҳрум карда шаванд".

ШӮРОИ АМНИЯТ ҚАЗЗОФИРО МУҶОЗОТ КАРД

Дирӯз Шӯрои амнияти СММ алайҳи Либия таҳримҳо ҷорӣ кард. Бар пояи

қатъномаи Шӯрои амният, фурӯши силоҳ ба ин кишвар манъ ва ҳисобҳои бонкии Қаззофӣ ва ҳама пайвандонаш мунҷамид мешаванд. Онҳо ҳамчунин иҷозаи вуруд ба дигар кишварҳоро низ нахоҳанд дошт. Шӯрои Амният ҳамчунин аз Додгоҳи байналмилалии Ҳейг ваё Гаага хост, ки мавзӯъи саркӯбсозии тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Либияро таҳқиқ карда ва масъулони қатли шаҳрвандони осоиштаро ба муҳокима кашад.

Аз ин пеш Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА, аз Қаззофӣ хоста буд, ки ба истеъфо равад. Вошингтон қабл аз дигар кишварҳо дар бораи эъмоли таҳримҳо алайҳи режими Қаззофӣ, аз ҷумла, мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии раҳбари Либияву пайвандонаш тасмим гирифта буд.

Ва аммо ба назар мерасад, ки фишор болои Қаззофӣ рӯз то рӯз шадидтар хоҳад шуд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, имрӯз дар шаҳри Женева бо намояндагони бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба хотири ҳамоҳангсозии амалҳои ҷомеъаи байнулмилалӣ дар робита ба бӯҳрони Либия гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар суханронӣ хоҳад кард, ки аъзои он хостори аз ҳайайти Шӯро берун кардани Либия шудаанд.

ФИРОР АЗ "БИҲИШТ" ИДОМА ДОРАД

Дар ҳамин ҳол Идораи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон хабар дод, ки то имрӯз бар асари норомиҳо дар Либия ин кишварро тақрибан 100 ҳазор нафар тарк намудаанд.


Дар изҳороти ин идораи мақараш дар Женева гуфта шудааст, шурӯъ аз рӯзи 20 феврал 40 ҳазор нафар аз марзи Либия бо Тунис убур кардаанд. Миёни онҳо 18 ҳазор шаҳрвандони Тунис ва 15 ҳазор сокинони Мисранд.

Ҳамчунин дуву ним ҳазор либиягиҳо ва ду ҳазор чиноиҳо низ аз Либия дар Тунис панаҳ ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки боз тақрибан даҳ ҳазор нафари дигар интизори вуруд ба Тунисанд.

Ҳукумати Миср бошад дар бораи аз марзҳои кишвар бо Либия убур намудани 55 ҳазор нафар хабар дод ва эълом дошт, ки бахши аъзами онҳо – 46 ҳазор нафар шаҳрвандони Мисранд ва ҳудуди 7 ҳазор нафар – сокинони дигар кишварҳои осиёӣ, ки дар Либия кору зиндагӣ мекарданд. Зимнан, боре Қаззофӣ бо ишора ба он ки дар кишвараш теъдоди бузурги хориҷиён кор мекунанд, Либияро "биҳишти корҷӯён" ном бурда буд

ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ЛИБИЯРО ТАРК НАМУДАНД


Айни ҳол дар Либия 8 ҳазор паноҳандагон ва 3 ҳазор хоҳишмандони паноҳандагӣ, ки аз СММ дархости кӯмак кардаанд, боқӣ мондаанд. Шаби гузашта як ҳавопаймои Идораи паноҳандагии СММ бо сад тонна кӯмаки башарӣ дар фурудгоҳи шаҳри Ҷербаи Тунис пойин шуд. Ин кӯмак, ки барои даҳ ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, ба зудӣ то ба марзҳои Либия расонида хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол 16 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам Либияро тарк намуданд. Онҳо, ки ҳамагӣ донишҷӯянд, аз Либия ба Киев интиқол ёфтанд ва қарор аст, ки рӯзи сешанбе вориди Тоҷикистон шаванд. Музаффари Муҳаммадӣ, консули Тоҷикистон дар шаҳри Қоҳира гуфт, ки дар Либия шаш шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва онҳо пешниҳоди бозгашт ба ватанро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG