Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз тағйироот дар ҳукумати Баҳрайн


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама аз тағйирот дар ҳукумати Баҳрайн истиқбол кард ва аз кобинаи нав хостори арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар шуд. Шоҳи Баҳрайн Ҳамад бини Исо Ал-Халифа ба хотири қатъи намоишҳои эътирозӣ дар кишвар се вазирро аз мақомҳояшон барканор кард.

Ҳафтаи гузашта бар асари саркӯбсозии намоиши мухолифон дар Баҳрайн ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд. Майдони марказии шаҳри Манома – пойтахти Баҳрайн ҳанӯз ҳам таҳти назорати эътирозгарон аст.

Обама Баҳрайнро шарики деринаи Амрико номид ва хостори гуфтугӯи муқомот бо мухолифин шуд, ки он метавонад ислоҳоти муҳимро дар пай дошта бошад.

ИМА дар Баҳрайн пойгоҳи низомӣ дорад.
XS
SM
MD
LG