Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон дар Женева бӯҳрони Либияро баррасӣ мекунад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, имрӯз дар шаҳри Женева бо намояндагони бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба хотири ҳамоҳангсозии амалҳои ҷомеъаи байнулмилалӣ дар робита ба бӯҳрони Либия гуфтугӯ хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар суханронӣ хоҳад кард, ки аъзои он хостори аз ҳайати Шӯро берун кардани Либия шудаанд.

Дар ҳамин ҳол вазъ дар Либия ноором боқӣ мемонад. Ошӯбгарон дар Либия шаҳри Зауия, воқеъ дар 50-километрии ғарби пойтахтро, зери назорат қарор доданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ошӯбгарон дар хиёбонҳои шаҳр «Нест бод Қаззофӣ» ва «Ин инқилоби мост!» шиор мезаданд.

Пойтахти Либия - Триполӣ ҳанӯз ҳам таҳти назорати ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ қарор дорад.

Дирӯз Шӯрои амнияти СММ алайҳи Либия таҳримҳо ҷорӣ кард. Бар пояи қатънома, фурӯши силоҳ ба ин кишвар манъ ва ҳисобҳои бонкии Қаззофӣ ва ҳама пайвандонаш мунҷамид мешаванд. Онҳо иҷозаи вуруд ба дигар кишварҳоро низ надоранд.

Қаззофӣ дирӯз бори дигар эълом дошт, ки Либияро тарк нахоҳад кард. Ӯ дар ташкили нооромиҳо кишварҳои хориҷӣ ва шабакаи «Ал-Қоида»-ро айбдор намуд.
XS
SM
MD
LG