Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ҳавои Тоҷикистон сарду боронӣ хоҳад буд


Ба иттилоъи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ хоҳад буд ва борону барф меборад, ҳаво аз як то 5 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар Хуҷанд низ ҳаво абриву боронист, ҳарорати ҳаво то4-5 дараҷа боло хоҳад рафт.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрист ва борон меборад, ҳаво то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Бадахшон дар нимаи дуввуми рӯз борон меборад ва он баъдан бо барф таюдил хоҳад шуд. Ҳаво то7 дараҷа сард мешавад.

Сардтарин минтақаҳои Тоҷикистон ноҳияи Мурғоб ва дашти Аличур боқӣ мемонад – дар ин манотиқ барф меборад, нимаи аввали рӯз то 21 ва баъдан то 16 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG