Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Николя Саркозӣ ҳайати ҳукуматро тағйир дод


Николя Саркозӣ

Николя Саркозӣ

Ален Жюппе вазири умури хориҷии Фаронса таъин шуд. Мақоми пешини ӯ – раҳбарии вазорати дифоъ бар дӯши раиси гурӯҳи Сенат аз ҳизби ҳоким Жерар Лонге вогузор гардид. Раиси дафтари раисиҷумҳур Клод Геан дар курсии вазири умури дохилии Фаронса нишаст. Дар бораи ин тағийрот дар ҳукумат ахиран Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, дар паёми телевизионӣ ба мардуми кишвар хабар дод.

Рӯзи якшанбе Мишел Эллиот Марӣ аз мақоми вазири умури хориҷии Фаронса истеъфо дод. Рӯзҳои ахир хонум Марӣ барои робитаи наздикаш бо пайвандони раисиҷумҳури собиқи Тунис Бен Алӣ ҳадафи интиқод қарор дошт. Дар Порис аз он нороҳат буданд, ки баъд аз шурӯъи нооромиҳо дар Тунис Мишел Эллиот Марӣ барои истироҳат ба ин кишвар сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG