Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарон шаҳри Зауияро ишғол намуданд


Ошӯбгарон дар Либия шаҳри Зауия, воқеъ дар 50-километрии ғарби пойтахтро зери назорат қарор доданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ошӯбгарон дар хиёбонҳои шаҳр «Нест бод Қаззофӣ» ва «Ин инқилоби мост!» шиор мезаданд.

Пойтахти Либия Триполӣ ҳанӯз ҳам таҳти назорати ҷонибдорони раисиҷумҳур Муаммар Қаззофӣ қарор дорад.

Дирӯз Шӯрои амнияти СММ алайҳи Либия таҳримҳо ҷорӣ кард. Бар пояи қатънома, фурӯши силоҳ ба ин кишвар манъ ва ҳисобҳои бонкии Қаззофӣ ва ҳама пайвандонаш мунҷамид мешаванд. Онҳо иҷозаи вуруд ба дигар кишварҳоро низ надоранд.

Муаммар Қаззофӣ дирӯз бори дигар эълом дошт, ки Либияро тарк нахоҳад кард. Ӯдар нооромиҳои Либия кишварҳои хориҷӣ ва шабакаи «Ал-Қоида»-ро айбдор намуд.
XS
SM
MD
LG