Пайвандҳои дастрасӣ

Фишори байналмилалӣ ба Муаммар Қаззофӣ меафзояд


Як рӯз баъд аз эъмоли таҳримоти байналмилалӣ алайҳи режими Либия, Бритониё имрӯз Муаммар Қаззофӣ ва хонаводаи ӯро аз ҳаққи масунияти дипломатӣ маҳрум кард ва фишор ҳам ба Қаззофӣ барои канорагирӣ аз мақомаш меафзояд. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё гуфт: "Шаби гузашта ман фармон додам, то на танҳо Муаммар Қаззофӣ, балки хонаводааш ва моликияти онҳо дар Бритониё аз ҳаққи масунияти дипломатӣ маҳрум карда шаванд. Ҳамингуна мавзеъгирии мо дар робита ба мақоми ӯ рӯшан аст." Рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, алайҳи Либия қатъномае содир кард, ки бар асоси он, дороиҳои Муаммар Қаззофӣ, хонавода ва атрофиёни ӯ масдуд шуда ва ин ашхос ба мамнӯъияти сафар ҳам рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Шӯрои Амният ҳамчунин аз Додгоҳи Байналмилалӣ дар Гаага хост, то саркӯбии тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Либияро таҳқиқ карда ва масъулони қатли шаҳрвандони осоиштаро ба муҳокима кашад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳам аз Қаззофӣ хост, истеъфо диҳад ва айни замон Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал аз таҳримоти ин созмон алайҳи режими Либия истиқбол кард ва гуфт, ки ин таҳримот барои монеъ шудан ба ҷанги комили шаҳрвандӣ дар Либия зарур аст. Созмони Милал, гуфт, бар асари нооромиҳо 100 ҳазор нафар беҷо шудаанд ва аз "бӯҳронии шиддатёбандаи башарӣ" ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG