Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз нахуствазирони собиқи Туркия даргузашт


Бино ба гузоришҳо аз Туркия, аввалин нахуствазири исломгарои ин кишвар дар синни 85-солагӣ даргузаштааст. Наҷмиддин Эрбакон, танҳо як сол нахуствазирӣ кард, зеро ӯро артиши кишвараш таҳти фишор қарор дод, то соли 1997 аз мақомаш канорагирӣ кунад. Фаъолияти Ҳизби рифоҳи ӯро соли 1998 бо иттиҳоми фаъолиятҳои зидди низоми дунявӣ дар Туркия мамнӯъ карданд. Баъди ин ҳизби мазкур ба ду шоха тақсим шуд, аъзои мӯътадили он ҳизби наверо таъсис доданд, ки ҳоло Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия раиси он аст. Бино ба гузоришҳо, Наҷмиддин Эрбаконро, моҳи январ баъди гандидани пояш ба бемористон интиқол додаанд.
XS
SM
MD
LG