Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми байналмилалӣ барои ҷалби сармоя ба Тоҷикистон


Қарор аст, моҳи оянда дар шаҳри Карочӣ як ҳамоиши байналмилалӣ бо ширкати тоҷирони Тоҷикистон ва Покистон баргузор шавад. Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамоиш на танҳо тоҷирону соҳибкорони ду кишвар, балки аз кишварҳои дигар низ ширкат хоҳанд кард. Ӯ афзуд: “Мақсади асосии ин бизнесфорум, ки ба он тоҷирону соҳибкорон аз Фаронса, Британия, Амрико даъват шудаанд, ҷалби сармоя ва ҷалби тоҷирони минтақа ва дигар кишварҳои дунё, барои саҳм гузоштан ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад.” Пеш аз ин ҳамоиш фардо дар шаҳри Душанбе нишасти кумиссиёни муштараки ҳамкориҳои фаннӣ миёни Тоҷикистону Покистону баргузор шавад, ки дар ҷараёни он масоили васеъи ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG