Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди нави Куриёи Шимолӣ ба ҳамсоякишвараш


Куриёи Шимолӣ имрӯз ҳушдор дод, ки дар сурати барангехтанаш аз тарафи Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико дар тамринҳои низомии ин ду кишвар дар рӯзи душанбе ба онҳо ҳамла хоҳад кард. Куриёи Шимолӣ пайваста аз ин таҳдидҳо мекунад, аммо дар ин таҳдиди ахир гуфтааст, ҳаргуна иғво метавонад, ба ҷанги комил табдил ёбад. Чанд ҳафта пеш аз ин музокироти ду Куриё бенатиҷа анҷом ёфт. Баъди ғарқ кардани як киштии низомии Куриёи Ҷанубӣ дар соли гузашта танишҳо дар нимҷазираи Куриё авҷ гирифт. Куриёи Шимолӣ мегӯяд, дар он ҳодиса даст надорад. Ҳадаф аз тамринҳои низомии Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико, омодагӣ ба ҳар гуна вазъи фавқуллода дар нимҷазира будааст.
XS
SM
MD
LG