Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се нафар дар ошӯбҳои нави Тунис


Дар ошӯбҳои нав дар пойтахти Тунис шаҳри Тунис дасти кам се нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо дар ҷараёни тазоҳуроти осоиштаи зидди ҳукумати муваққат, ки ба хушунат печид, 100 нафарро бо иттиҳоми ғоратгарӣ ва харобкорӣ боздошт карданд. Моҳи гузашта қиёмҳои мардумӣ дар Тунис сабаб шуд, Зайнуллобидин Бин Алӣ, раиси ҷумҳур аз кишвараш фирор кунад ва ин қиём, тазоҳуротҳои зиёди зиддиҳукуматиро дар саросари кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо барангехт.
XS
SM
MD
LG