Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Амният алайҳи режими Либия таҳрим эъмол кард


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, дирӯз бо кулли оро, алайҳи Либия қатънома содир кард. Бар асоси ин қатънома, дороиҳои Муаммар Қаззофӣ, хонавода ва атрофиёни ӯ масдуд шуда ва ин ашхос ба мамнӯъияти сафар ҳам рӯ ба рӯз хоҳанд шуд. Дар ин қатънома аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага хоста шудааст, то саркӯбии тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Либияро таҳқиқ карда ва масъулони қатли шаҳрвандони осоиштаро ба муҳокима кашад. Шӯрои амният ҳамчунин бар манъи фурӯши силоҳ ба Либия таъкид кард.
XS
SM
MD
LG